IQNA

Вокуниши қуръонии намояндаи парлумони Туркия ба амалиёти Ваъдаи Содиқ

20:09 - April 19, 2024
рақами хабар: 1383
ИКНА - Муҳаммадсаид Яз, намояндаи Диёрбакир аз ҳизби ҳоким дар парлумони Туркия бо хондани ояте аз сураи Фил, аз Эрон ба далели ҳамлаи мушакӣ ба Исроил ташаккур кард.

Ба гузориши ИКНА, Муҳаммадсаид Яз, намоянда Диёрбакир аз ҳизби Адолат ва тавсеа, дирӯз тайи суханоне дар парлумони Туркия, бо хондани ояти «أَلَمْ تَرَ كَيْفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِأَصْحَابِ الْفِيلِ» аз сураи Фил ба амалиёти Ваъдаи Содиқи Эрон вокуниш нишон дод.

Вай, ки суханони худро бо тиловати ояти аввали сураи Филм ва тарҷумаи ин оят оғоз кард, гуфт: «бале, Эрон Исроилро ҳадаф қарор дод. Исроил ва Амрикое, ки мегуфтанд наметавон ба онҳо ҳамла кард ва ҳеҷ касе тавонои муқобила бо ононро надорад мавриди ҳамалоти мушакии Эрон қарор гирифт. Ба ҳамин далел аз давлат ва мардуми Эрон, ки исроилро бо мушак ҳадаф қарор доданд ва ба шайтони бузург санг андохтанд ташаккур мекунам ва ба онҳо табрик мегӯям.»

https://iqna.ir/00HfXA

captcha