IQNA

Посухи хатиби Масҷидулақсо ба афсонаи саҳюнистии зибҳи гови сурх

22:27 - April 08, 2024
рақами хабар: 1338
ИКНА - Шайх Акрама Сабрӣ, хатиби Масҷидулақсо ба фарохони саҳюнистҳо дар бораи зибҳи гови сурх дар Масҷидулақсо посух дод.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Алҷазира, хатиби Масҷидулақсо таъкид кард: мавзӯъи гови сурх хурофоти яҳудиён аст, ки ҳеҷ иртиботе ба мо мусулмонон надорад ва мо иҷоза намедиҳем ин гови сурхе, ки дар афсонаи яҳудиён аст ба Масҷидулақсо иртибот пайдо кунад. Онҳо говашонро ҳарҷо, ки мехоҳанд бибаранд ва ҳаркоре мехоҳанд бо он анҷом диҳанд, ин гов ҳеҷ иртиботе бо Масҷидулақсо надорад.

Шайх Акрма Сабрӣ изҳор кард: ҳар иқдоме, ки ишғолгарон анҷом медиҳанд, талош барои султа бар Масҷидулақсо ва таҷовуз ба ин масҷиди шариф аст. Ин ҳамалот таҷовуз ба Масҷидулақсо ва ҳатки ҳурмати ин масҷид маҳсуб мешавад ва ҳеҷ ҳаққе ба онҳо дар бораи Масҷидулақсо нахоҳад дод. Зеро онон мутаҷовизанд ва ҷуз бо ҳимояти неруҳои амниятӣ ҷуръати вуруд ба Масҷидулақсоро надоранд.

Дар ҳамин робита, Абуубайда, сухангӯи гурдонҳои Ал-Қисом, шохаи низомии ҷунбиши муқовимати исломии (Ҳамос), дар 15 январи гузашта тайи суханоне бо ишора ба хатароте, ки Масҷидулақсоро таҳдид мекунад, гуфт: говҳои сурхи саҳюнистҳо [барои иҷрои тавтеаҳои онҳо] омода шудааст.

Достони гови сурх

Гурӯҳҳои мазҳабии ифротии яҳудиён беш аз як ҳафта пеш конфронси вижае баргузор карданд то дар бораи муқаддамоти зибҳи гови сурх дар кӯҳи Зайтун воқеъ дар Қудси ишғолӣ ва рӯбарӯи Масҷидулақсо ва сипас сӯзондани он ва рехтани хокистари он дар оби чашмаи Салвон ба баҳонаи поксозии яҳудиён аз «наҷосати мурдагон» гуфтугӯ кунанд.

Гурӯҳҳои ифротии яҳудӣ бар асоси мутуни мазҳабии таърихии худ, хостори зибҳи гови сурх ва поксозии худ бо хокистари он ҳастанд. Онҳо рӯзи дувуми апрел бар асоси тақвими ибрӣ, ки мусодиф бо даҳуми апрели ҷорӣ ва иди Фитри мусулмонон астро барои ин кор дар назар гирифтаанд.

Дар омӯзаҳои Мишно (бахше аз китоби Талмуд) омадааст, ки сохтани «маъбади» муқаддас мусталзими сӯзондани гови сурх бар рӯи кӯҳи Зайтун ва сипас пароканда кардани хокистари он дар муқобили Масҷидулақсо аст, ки муқаддимаи оинҳои таъсиси «маъбади севум» ва омода шудан барои сууди миллионҳо саҳюнист ба «Кӯҳи маъбад» аст.

https://iqna.ir/fa/news/4209179/

captcha